- овоз
- [آواز]1. садо, савт, бонг, нидо2. суруд, оҳанг; овоз андохтан нолаву фиғон кардан, бо садои баланд гиристан, навҳасаро шудан (дар мотам ё ғами касе)3. раъй, ҳамфикрӣ; бо як овоз бо аксарияти раъй, муттафиқан, бо иттифоқи тамом (мас., вақти раъйдиҳӣ); овози пой шарфаи пой; овози гирифта садои хиррӣ, овозе, ки аз гулӯ пурра барнамеояд; овози дупӯста овози тағйирёфта нисбат ба аслаш; овози марғуладор овози мавҷнок (мас., ҳангоми сурудан); овоз баровардан садо додан, будани худро ба воситаи садобарорӣ маълум кардан, гап задан; овоз баромадан садо шунида шудан, садо ба гӯш расидан, садо баланд гардидан; овоз додан а) садо кардан, фарёд задан, нидо кардан (касеро); б) эълон кардан, огоҳонидан, хабар кардан; в) раъй додан (ба тарафдорӣ ё бар зидди касе ё масъалае дар вақти раъйгирӣ); аз овоз мондан садо набаровардан, гап зада натавонистан; ба овоз мондан раъй гирифтан (дар бораи масъалае ё интихоби касе); овоз кардан садо кардан, даъват намудан, фарёд кардан; овозе нашуд садое набаромад, касе садо надод; овози худро сар додан бо тамоми садо гап задан, фарёд кардан ё суруд хондан, бо авҷи боло суруд хондан; овозатро гир! гуфт. хомуш бош!, хап шав!
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.